Ссылки доступа

Санҷиши сартосарии кумитаҳои андоз ва гумруки Ӯзбекистон


Додситонии кулли Ӯзбекистон санҷиши сартосарии кумитаҳои гумрук ва андози ин кишварро оғоз кардааст. Манобеъ мегӯянд, муфаттишон нозирони ду кумитаро бозпурсӣ карда, аз онҳо баёнот мегиранд ва як қисми санадҳо муҳр зада мешаванд.

Ба гуфтаи як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон, дар ҳоли ҳозир, бинои Кумитаи андоз таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад. Дар атрофи бинои кумита мошинҳои сабукрав ва инчунин мошинҳои махсусе истодаанд, ки барои бурдани сарбозон истифода мешаванд.

Хабарнигор Сергей Ежков бо такя ба қавли манобеаш мегӯяд, "баъди он ки 31 январ Рустам Иноятов аз раҳбарии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон барканор шуд, ба сари қудои ӯ Ботир Парпиев, раиси Кумитаи андоз абри сиёҳ омад".

Як мақоми додситонӣ ҳам гуфт, генерал Парпиев чанд рӯз боз дар бемористон аст ва дар онҷо доруву дармон мегирад.

Ин тафтишот дар ҳоле оғоз шуд, ки ба қавли манобеи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ, ҳафтаи гузашта ходимони Додситонии кул ва Палатаи ҳисоб дар кори Кумитаи андоз 70 миллиард сӯм (ҳудуди 8,5 миллион доллар) камомадро ошкор кардаанд.

Вебсайти “Узметроном” бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки дар аввал тафтишотро 20 нафар пеш мебурданд ва ҳоло сафи онҳо то 65 нафар афзудааст. Ин вебсайт навишт, ҳадаф аз тафтишоти густурда дар кумитаҳои андозу гумрук ифшои ҷиноят ва схемаҳои коррупсионӣ аст.

Бино ба хабарҳо, санҷиши сартосарии Кумитаи андози Ӯзбекистон то 15-уми апрели имсол идома карда, қарор аст, аз натиҷааш ба раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев ҳисобот диҳанд. Санҷишҳои ҳамсон дар Кумитаи гумруки Ӯзбекистон ҳам ҷараён доранд. Афроди огоҳ мегӯянд, эҳтимол дорад, кумитаи гумрук баъд аз ба поён расидани санҷишҳо ба ихтиёриВазорати молияи Ӯзбекистон гузарад.

XS
SM
MD
LG