Зери ин санад вазири иттилоот ва коммуникатсияи Қазоқистон Даурен Абоев 12 феврал дар саммити ҳукуматҳои ҷаҳон дар шаҳри Дубай имзо гузоштааст. Ба иттилои расонаҳои АМА, ёддошти мазкурро Коста-Рика, Мексика, Португалия ва Словения ҳам имзо кардаанд.
Сомонаи ҳукумати Қазоқистон рӯзи душанбе бо нашри як иттилоия хабар дод, ки иштирокдорони саммити Дубай "масоили марбут ба қаноатмандии шаҳрвандон аз хидматрасониҳои давлативу иҷтимоӣ"-ро баррасӣ карданд.
Расонаҳо суханони сарвазири АМА ва амири Дубай Муҳаммад ибни Рашид Оли Мактумро иқтибос овардаанд, ки мегӯяд, "ҷаҳон ба шакли нави эътилофҳое ниёз дорад, ки ба хотири рифоҳ ва хушбахтии мардум амал мекунанд".
Ҳамоиши мазкур 14 феврал ба поён мерасад.