Ба гуфтаи вай, қурби нави манат ба "қурби бозори сиёҳ" хеле наздик хоҳад буд.
Ҳафтаи ҷорӣ қурби доллари ИМА дар баробари манати туркманӣ дар нуктаҳои табодули асъори ғайриқонунӣ ба сатҳи нави рекордӣ расид. 10 феврал қурби 1 доллари ИМА ба 14-15 манат баробар шуд.
Қурби расмии манати туркманӣ аз соли 2015 ба ин тараф дар сатҳи 3,5 манат барои 1 доллар нигаҳ дошта шудааст. Хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар Туркманистон ба таври расмӣ мамнуъ аст. Ибтидои соли 2016 Бонки марказии Туркманистон табодули асъорро расман манъ кард.