Ссылки доступа

Ноустувории қурби доллар дар "бозори сиёҳ"-и Туркманистон


Дар Дашоғузи Туркманистон рӯзи 14 феврал қурби доллар дар баробари асъори миллӣ як муддат 6 манат арзон шуд, вале баъди нисфирӯзӣ боз боло рафт.

Охири ҳафтаи гузашта як доллари ИМА 15 манат табодул мешуд. Шоҳидон мегӯянд, қурби доллар дар шимоли кишвар ба пойтахт низ таъсир кард. Дар шаҳри Ишқобод низ 14 феврал як доллар то 11 манат пойин омад. Дар ҳоле, ки 13 феврал 1 доллар 14 манат табодул мешуд.

Ба иттилои тоҷирон, уфти қурби доллар ба фаъолшавии тиҷорат дар минтақаҳои наздисарҳадии Туркманистон бо Қазоқистону Ӯзбекистон, рабт дорад.

Дар рӯзҳои истироҳати гузашта дар "бозори сиёҳ"-и Туркманистон 1 доллари ИМА то 15 манат расид. Ин дар ҳолест, ки қурби расмии доллар дар Туркманистон 3,5 манат муайян шудааст.

XS
SM
MD
LG