Ссылки доступа

12 созмони байналмилалӣ аз Тошканд даъват доранд, рӯзноманигорону фаъолонро озод кунад


Акром Маликов
Акром Маликов

Дувоздаҳ созмони маъруфи байналмилалӣ аз ҳукумати Ӯзбекистон даъват карданд, ки рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев, блогер Ҳаётхон Насриддинов ва пажӯҳишгари ҷавон Акром Моликовро фавран аз ҳабс озод кунанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Amnesty International, "Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ", "Ҳомиёни ҳуқуқи шаҳрвандӣ" Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, Freedom House, Human Rights Watch, "Шарикии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон", "Рӯзноманигорони бидуни марз", Кумитаи Ҳелсинкӣ, Freedom Now, "ARTICLE 19" ва Бунёди ӯзбекӣ-олмонӣ 13 феврал бо нашри як изҳороти муштарак аз Тошканди расмӣ хостанд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқеро, ки дар шиканҷаи рӯзноманигор Абдуллоев гумонбаранд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

"Дар ҳоле ки ҳукумати Ӯзбекистон ислоҳотро дар мақомоти махсус оғоз кардааст, хабарҳо дар бораи шиканҷаи рӯзноманигор дар маҳбас бояд фавран таҳқиқ ва ба таври оммавӣ маҳкум карда шавад", - мегӯяд пажӯҳишгари Human Rights Watch дар умури Осиёи Марказӣ Стив Свердлов.

Ҳомии ҳуқуқ аз Тошканд Сурат Икромов 8 феврал бо истинод ба манобеи худ иттилоъ дод, ки ду афсари баландпояи Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон подполковник Нодирбек Туракулов ва муфаттиш Александр Веселов "ба далели боздошти ғайриқонунии гумонбарон, шиканҷаи онҳо ва сохтакории парванда" нисбати рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев аз кор барканор шудаанд.

Бобомурод Абдуллоеви 44-сола 27 сентябри соли 2017 дар Тошканд дастгир шуда, ба он айбдор мешавад, ки бо номи мустаори "сиёсатшинос Усмон Ҳақназаров" дар Интернет матлабҳои танқидӣ навиштааст. Дар доираи парвандаи вай, чаҳор нафар боздошт шудаанд. Акром Моликови 27-сола низ яке аз онҳост. Моликов дар матлабҳои худ раҳбарияти пешини Ӯзбекистон ва усули идории ӯро ошкоро танқид мекард.

Блогер ва омӯзгор Ҳаётхон Насриддиновро ҳам соли гузашта боздошт карданд. Ӯ низ дар ба ҳам задани сохти конститутсионии Ӯзбекистон айбдор аст.

XS
SM
MD
LG