Ссылки доступа

Майдонеро дар Уралск мехоҳанд, ба номи Назарбоев гузоранд


Майдони нави шаҳри Уралскро мехоҳанд, ба ифтихори президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев номгузорӣ кунанд.

Маркази матбуотии ҳукумати шаҳри Уралск хабар дод, ки пешниҳоди чунин ном гузоштани майдон дар ҷаласаи шӯрои ҷамъиятӣ чанд рӯз пеш садо дод ва маҷлиси маҳаллӣ онро баррасӣ хоҳад кард.

Дар сурати аз сӯи вакилон ҷонибдорӣ ёфтан, пешниҳоди мазкур ба комисияи ҷумҳуриявии номгузорӣ ирсол мешавад, афзуд маркази матбуотии шаҳри Уралск.

Ин дар ҳолест, ки як моҳ пеш вакилони маҷлиси вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ пешниҳоди ба номи Назарбоев гузоштани хиёбони Остонаро дар шаҳри Чимкент ҷонибдорӣ карда буданд.

Охири моҳи ноябри соли 2017 низ яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Алмато номи Назарбоевро гирифт.

Дар Қазоқистон ҳамзамон Донишгоҳи Назарбоев, Мактаби ақлонии Назарбоев ва Китобхонаи Назарбоев мавҷуд аст. Дар бораи Нурсултон Назарбоев ҳамчунин филми "Роҳи Пешво" таҳия ва даҳҳо китоб нашр шуда, нимпайкарааш низ дар чанд шаҳр қомат афрохтааст.

XS
SM
MD
LG