Ссылки доступа

Қасди худкушии зане барои аз даст додани "туҳфаи президент" (видео)


Сокини 42-солаи шаҳри Марғелони Ӯзбекистон Дилором Мамирова бо эътироз аз амали масъулони шаҳрдорӣ, ки аз ӯ ва даҳҳо ҳамсояаш пули иҷораи манзили туҳфа кардаи президентро талабидаанд, қасд ба ҷони худ кардааст. Ҳамсояҳояш мегӯянд, занро дар дами марг наҷот додаанд.

Дилором Мамирова шаби 12 феврал дар манзили зисташ дар бинои пешини Коллеҷи иқтисодии Марғелон, ки охирҳои соли гузашта ба ӯ додаанд, қасди худкушӣ кардааст.

"Ҳамроҳи ҳамсояҳо қартабозӣ мекардем. Мамирова тамоку мефурӯшад. Барои харидани тамоку ба ҳуҷраи вай рафта, дарро задам, ки боз шуд ва дидам худро овехта, вале ҳанӯз зиндааст. Зуд ҳамсояҳоро даъват карда, вайро наҷот додем", - мегӯяд як ҳамсояи Мамирова.

Ба гуфтаи Дилором Мамирова, шаҳрдории Марғелон охирҳои соли гузашта барои ӯ ва 87 хонаводаи камбизоати дигар аз номи президенти Ӯзбекистон дар бинои пешини Коллеҷи иқтисодӣ хона дод. Вале чанд рӯз пеш кормандони шаҳрдорӣ омада, аз онҳо хостаанд, ки пули иҷораи манзилҳоро супоранд.

"Ба ман гуфтанд, ки агар пули иҷораи семоҳаро насупорӣ, хонаро мегирем. Дар ҷое кор намекунам ва касе ҳам надорам, ки маро нигоҳубин кунад. Бинобар ин, қасди худкушӣ кардам. Аз бесарпаноҳ мондан мурдан беҳтар аст. Барои чӣ дар вақташ моро фиреб карданд, ки ин туҳфаи президент аст?", - изҳор дошт Мамирова.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, маросими супоридани калиди хонаҳо 26 декабри соли 2017 баргузор шуда, кормандони шаҳрдории Марғелон ҳуҷраҳои табақаи аввалро бо мебелу техникаҳои маишӣ муҷаҳҳаз карда, ҳатто қолин ҳам партофта буданд. Вале баъд аз наворбардорӣ ҳамаро дубора гирифта, бурданд.

Жительница Маргилана повесилась, когда у нее пытались отнять «президентский подарок»
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:41 0:00
Загрузить файл

XS
SM
MD
LG