Як қатор расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки шумори захмиён ба 50 тан расидааст. Дар назди бинои мактаб шумори зиёди мошинҳои пулис ва ёрии таъҷилӣ қарор доранд.
Ҳамлагарро боздошт кардаанд. Аз ӯ Николас Крузи 19-сола, хонандаи пешини ин мактаб ном бурда мешавад. Вайро пештар барои рафтори номуносибаш аз мактаб ихроҷ кардаанд.
12 нафар дар дохили бино ва 3 кас дар саҳни мактаб кушта шуда, 2 тани дигар дар бемористон ҷон додаанд.
Рӯзи 14 феврал дар назди бинои Оҷонсии амнияти миллии Амрико дар Мэриленд низ тирпаронӣ сурат гирифт. Дар натиҷаи он се кас осеб дида, як гумонбар боздошт шудааст. Бюрои федеролии тафтишот мегӯяд, ин ҳодиса ба гуруҳҳои террористӣ рабт надорад.