Дар фармони президент дар робита ба таъсиси ҷоизаи “Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон” гуфта мешавад, ин мукофот барои “саҳми хос дар рушди демократия”, “барои устувор кардани сулҳу субот дар ҷомеа” ва “барои рушди дӯстӣ миёни халқҳо” тақдим мешавад.
Қарори мазкур як замимаеро ҳам дар бар мегирад, ки дар он чи гунагии шакли ҷоиза ва ҳаҷми мукофоти молии он шарҳ дода мешавад. Ҷоизаи давлатии “Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” аз нишони фахрӣ ва мукофоти пулӣ иборат хоҳад буд.
Қисмати дувуми ҷоизаи давлатӣ аз мукофоти пулӣ иборат хоҳад буд. Ҳаҷми ҷоизаи пулӣ 2500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян шудааст, ки айни замон ба 125 ҳазор сомонӣ (беш аз 14 ҳазор доллар) муайян шудааст. Харҷи таҳия ва тақдими мукофоти пулии ҷоиза ва ордени Пешвои миллат мувофиқи қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” аз ҳисоби буҷети давлат пардохт мешавад. Ҳарчанд ҳанӯз маълум нест, таҳияи нишони фахрии тилоии “Пешвои миллат- Эмомалӣ Раҳмон” чӣ миқдор маблағро талаб мекунад.
Зимнан, таъсиси ин ҷоиза яке аз муқаррароти қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” аст. Ин қонуни конститутсионӣ дар баробари ин ҷоиза таъсиси ордени “Пешвои миллат”-ро пешбинӣ мекунад. Қонуни мазкур ҳамчунон таъсиси Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди осорхона, китобхона ва бойгонии Пешвои миллатро дар назар дорад.