"Масдуд шудани сомонаи "navalny.com"-ро аз тарафи Роскомнадзори Русия ба далели нашри маводи таҳқиқотӣ бо нигаронӣ пайгирӣ дорем. Ҳимояти маълумоти шахсӣ наметавонад ба баста шудани сомона ё монеъ шудан ба бозтоби масъалаҳое асос шавад, ки манфиати иҷтимоӣ доранд", - навиштааст Арлем Дезир дар Твиттер.
Пештар Роскомнадзор ба тамоми ширкатҳои интернетрасони Русия дастур дода буд, ки дастрасӣ ба сомонаи Навалнийро маҳдуд кунанд. Ин ниҳод ҳамчунин қарори ширкати Googlе-ро барои пок кардани мавод аз саҳифаи YouTube мунтазир аст.