"Қарзи хориҷӣ аз ҳисоби афзоиши вомҳои байниширкатии марбут ба тарҳҳои нафту газ бо ширкатҳои хориҷӣ ва вомҳои бахши ғайримолии иқтисод ва ҳукумат зиёд шудааст", - омадааст дар иттилоияи Бонки миллии Қазоқистон.
Раиси ин бонк Даниёр Акишев моҳи июни соли 2017 гуфта буд, ки қарзи хориҷии Қазоқистон 176,9 миллиард доллари амрикоӣ аст.
Пештар вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Тимур Сулаймонов дар ҷаласаи ҳукумат изҳор дошт, ки тасмим доранд, то соли 2022 қарзи давлатиро аз 26% то ба 23,7%-и Маҷмуи тавлидоти дохилӣ коҳиш диҳанд.