Як сиёсатмадори зиндонии дигар Бектур Асанов дар маҳбаси №47 мондааст. Вакили дифоъ Марс Қодиров мегӯяд, сиёсатмадоронро ба далели норозигии наздиконашон мехоҳанд, аз ҳам ҷудо кунанд. Наздикону пайвандони зиндониён талаб доранд, онҳо дар маҳбаси №47, ки дар он ба гуруснанишинии худ идома хоҳанд дод, бимонанд.
Бектур Асанов аз 30 январи соли равон гуруснанишинӣ эълом кардааст. 31 январ Эрнест Карибеков ва 1 феврал Кубаничбек Қодиров ба ӯ пайвастанд. Сиёсатмадорон истеъфои раиси Кумитаи амнияти Қирғизистон Абдил Сегизбоев ва додгоҳи одилонаро талаб доранд.
7 феврал додгоҳи шаҳрӣ қарори додгоҳи зинаи аввалро бе тағйир боқӣ гузошт. 17 апрели соли 2017 додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон Эрнест Карибековро 20 сол, Кубаничбек Қодировро бо Бектур Асанов 12-солӣ ва Достон Саригуловро шартан 4 сол зиндонӣ кард.
Бектур Асанов, Эрнест Карибеков ва Кубаничбек Қодиров - се зиндонии сиёсии эътирозгар дар "талоши ғасби худсаронаи ҳукумат" айбдор ҳастанд.