Ссылки доступа

Сухани охирини бунёдгузори "пирамидаи молӣ"-и Ӯзбекистон дар додгоҳ


Бунёдгузори бузургтарин "пирамидаи молӣ" дар Ӯзбекистон ва соҳибкор Аҳмад Турсунбоев, мулаққаб ба "Аҳмадбой", ки дар қаллобӣ айбдор мешавад, имрӯз, 16 феврал дар додгоҳи вилояти Тошканд сухани охиринашро ироа мекунад. Қарор аст, додгоҳ ҳукми вайро 19 феврал эълом кунад.

Аҳмад Турсунбоев дар Ӯзбекистон баъди он машҳур шуд, ки ширкатҳояш --"Чиноз ҳалол чорво" ва "Чиноз авто ҳамкор" додани қарз ва гирифтани пасандозро аз сокинон бо ваъдаи пардохти фоидаи солонаи 180-дарсадӣ оғоз карданд.

Мақомоти ӯзбек мегӯянд, шумори пасандозгузорони ширкатҳои "Аҳмадбой" ба даҳҳо ҳазор нафар мерасад. Турсунбоев ҳангоми гирифтани мошин, чорвои хонагӣ ва ашёи қимматбаҳои сокинон забонхати расмӣ намедодааст.

Вай моҳи июни соли 2016 дастгир шуда, то ба ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Хадамоти амнияти Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешавад. Телевизиони "Ӯзбекистон-24" 31 январ хабар дод, 105 мошине, ки "Аҳмадбой" аз сокинон гирифта буд, ба соҳибонашон баргардонида шуд.

XS
SM
MD
LG