Ссылки доступа

СММ: Соли гузашта дар Афғонистон қариб 3,5 ҳазор сокини осоишта кушта шудааст


Қариб 3,5 ҳазор сокини осоиштаи Афғонистон дар соли 2017 кушта ва бештар аз 7 ҳазори дигар ҷароҳат бардоштааст. Дар ин бора дар гузориши нави СММ зикр мешавад.

Намояндаи расмии Дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик хабар дод, ки шумори қурбониён дар қиёс бо як соли пеш 9 дарсад камтар будааст. Вале дар соли 2017 назар ба соли пешин сокинони осоишта аз амалҳои террористӣ ва дастгоҳҳои таркандаи худсохт бештар кушта шудаанд.

Соли 2017 пурқурбонитарин амали террористии 9 соли охир - таркиши мошини борбар бо 2 тона тротил дар Кобил - анҷом шуд. Ин таркиш 92 сокини осоиштаро қурбон ва 491 тани дигарро маҷруҳ кард.

Яке аз сабабҳои асосии талафоти аҳолии осоишта ин даргирӣ миёни нерӯҳои мухолифи ҳукумат ва нерӯҳои ҷонибдори ҳукумат унвон мешавад. 65 дарсади маҷмуи сокинони осоиштаи кушташуда дар пайи даргирии гуруҳҳои мухолифи ҳукумат, амсоли "Толибон" ва "Давлати исломӣ" ҳалок гардидаанд.

"Тарсу ваҳшат ва адами амнияти сокинони осоиштаи Афғонистон бо гузашти ҳар сол бештар мешавад ва онҳое, ки дар куштору ваҳшатафканӣ даст доранд, бе ҷазо мемонанд", - гуфт Комисари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон Зайд Раад ал Ҳуссейн.

XS
SM
MD
LG