Саҳмиядори аслии корхонаи “Зарафшон”, ки 70 дар сади тиллои Тоҷикистонро истеҳсол мекунад, баъди музокирот бо ҳукумат мувофиқат кардааст, 5 дар сади саҳмияҳои худро дар ихтиёри ҳукумат бигузорад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарор дар рӯзи 5-уми феврал ба Фаррух Ҳамрализода амр додааст, ки созишнома байни ҳукумат ва ширкати байналмилалии чинии “Тезинфен”- саҳмиядори аслии “Зарафшон”-ро ба имзо расонад.
Баъди имзои ин созишнома, давлати Тоҷикистон соҳиби 30 дар сади саҳмияҳои Зарафшон мешавад ва 70 дар сади бақияи онро ширкати чинӣ дар ихтиёр хоҳад дошт. Қаблан фақат 25 дар сади саҳмияҳои “Зарафшон” дар дасти ҳукумат буд. Ширкати чинӣ ризоият додааст, ки ба ҷойи тақрибан 1 миллион доллар дар ивази 5 дар сади саҳмияҳо фақат 1 доллар бигирад.
Корхонаи муштараки "Зарафшон", дар ноҳияи Панҷакент ва дар болои яке аз камарбандҳои зархези ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст. Аз соли 1994 то соли 2007 аксарияти саҳмияҳои ин корхона ба ширкати бритониёии "Commonwealth & British Mineral Ltd" тааллуқ дошт. Баъдан онро ширкати чинии тавлиди тиллои "ZiJin Mining Group Co.Ltd" харид. Ба ғайр аз тилло дар он фулузоти гаронбаҳои дигар низ истихроҷ мешавад.