Ссылки доступа

"Ҷоизаи Раҳмонро ба Путин диҳед" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- "Ҷоизаи Раҳмонро ба Путин диҳед". Дар Тоҷикистон ҷоизае бо исми "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон" таъсис ёфт. Ин ҷоиза барои сокинони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа, ки дар рушди демократия саҳми хос доштанд, тақдим мешавад (видео)

- Аз "Газпромнефт" то Бег Сабур. Хадамоти зиддиинҳисорӣ "Тоҷиктелеком", ширкати мутааллиқ ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ниҳоди зери раҳбарии Бег Сабурро "монополияи табиӣ" номид. (видео)

- Тоҷикистон дарҳояшро васеътар боз мекунад. Мақомоти Кумитаи саёҳӣ мегӯянд, имсол саъй доранд, то теъдоди сайёҳони хориҷӣ дар кишвар бештар шавад (видео)

- 2 миллиард сомонии Тоҷикистон ба сохтмони Роғун. Вазорати молияи Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар соли 2018 аз ҳисоби буҷети кишвар ду миллиард сомонӣ ҷудо кардааст (видео)

- Раҳбари Умед-88 пулро баргардонад, озод мешавад. Мақомоти Оҷонси мубориза бо коррупсия гуфтанд, ки агар раҳбарони ширкати Умед-88 қарзи давлатро баргардонанд, аз боздошт раҳо мешаванд (видео)

- Саида Рустамова дар кораш барқарор шуд. Раҳбари Коллеҷи хореографии Тоҷикистон фармони худ дар бораи аз кор озод намудани Саида Рустамова -- омӯзгореро, ки барои гӯш накардани паёми президент аз кор ронда шуд, бекор кардааст (видео)

- Фақиртарин кишвари Аврупо 10-сола шуд. Рӯзи 17-уми феврал Косово 10 cолагии истиқлоли хешро таҷлил мекунад. Даҳ сол пеш дар рӯзи 17-уми феврал Косово якҷониба ҷудо аз Сербистон эълон кард. Аз он замон то кунун саъй дорад, рукнҳои мустаҳками як кишвари мустақилро бисозад. (видео)

- Ҳамла ба биноҳои Русия дар Киев. Рӯзи якшанбе дар Киев даҳҳо фаъоли украинӣ бонкҳо ва муассисаҳои давлатии Русияро сангборон карданд. Дар наворҳо ҳамлаи фаъолон ба қароргоҳҳои Сбербанк, Алфабанк ва маркази ҳамкориҳои Русия ё худ РОССОТРУДНИЧЕСТВО ба навор гирифта шудааст. (видео)

- Гузориши махсус. Шаҳре на барои одамон. Хабарнигори Бахши қирғизии Радиои Озодӣ як рӯзро дар шаҳр сипарӣ кард, то бифаҳмад, ки гаштугузори сокинон дар хиёбонҳои он роҳат аст, ё не. Оё метавон худро дар маркази пойтахти Қирғизистон дар амн эҳсос кард? (видео)

- Дар Тоҷикистон барои Интернет инҳисори давлатӣ ҷорӣ карданд. (видеои Настоящее время)

- Дар Латвия бойгонии КГБ дар бораи хабардиҳандаҳоро фош мекунанд. (видеои Настоящее время)

- Зиндагии баъди зиндон: зиндониёни Қирғизистонро кумак мекунанд, то дубора ба зиндагии маъмулӣ баргарданд (видеои Настоящее время)

- Дар Норини Қирғизистон хонандаи мактаб бо телефон филм бардошт ва ба ҳамдеҳагонаш нишон дод (видео аз Директ)

- Формулаи эътироф накардан: Мақомоти Кремл дар бораи шаҳрвандони Русия дар Сурия. (видео аз Директ)

- "Ҷашни "Масленитса" ба мотам табдил ёфт". Дар Петербург фаъолони ҳаракати демократии ҷавонони "Баҳор" "хӯса"-и интихоботи президентиро оташ заданд. (видео аз Директ)

- Туркманистон: Аксҳои ҳафта (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG