Пештар РБК бо истинод ба манобеи худ дар ҳукумати Доғистон аз ҳамлагар Халил Халилови 22-сола ном бурд. Бино ба маълумоти пешакӣ, ӯ узви яке аз ҷиноҳҳои ДИ будааст.
РБК мегӯяд, эҳтимол дорад, Халилов соли гузашта ба ДИ пайваста бошад. Зеро номи вай дар рӯйхати аъзои маълуми гуруҳи даҳшатафкан нест ва ҳамчунин мақомоти махсус дар бораи иштироки ғайриқонунии ӯ дар ҷангҳои хориҷӣ маълумот надоранд.
Халил Халилов шаби якшанбе ба бинои калисои православҳои Кизляр ҳамла карда, ба самти ибодаткунандагон оташ кушод. Дар натиҷа 5 кас ҷон бохта, 5 тани дигар захм бардоштанд. Худи ҳамлагарро нирӯҳои Горди Русия маҳв карданд.