Ба гуфтаи ӯ, боздошти Дамирбек Асилбек уулу ба порлумони Қирғизистон ҳеч рабте надорад. "Агар зидди вакиле парванда боз ё тафтишот оғоз шавад, порлумон ва раҳбарияти он ҳақ надоранд ба он дахолат кунанд. Бар пояи низомнома, агар ҷурми вакил исбот шавад, худи ӯ ҷавоб хоҳад гуфт", - афзуд Нуракун уулу.
Ҷиноҳи порлумонии "Қирғизистон" дар робита ба ин қазия ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард. Дар котиботи ҷиноҳ гуфтанд, ки Асилбек уулу дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз номи Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок карда, дар рушди соҳаи варзиши ду кишвар саҳми бузург дорад.
"Бино ба маълумоти пешакӣ, вакил бегуноҳ аст. Ҷиноҳи "Қирғизистон" бо вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории наздикро ба роҳ мондааст. Мо бовар дорем, ки ниҳодҳои дахлдори Қазоқистон ин ҳодисаро бо риояи қонунҳо санҷида, ҳуқуқи шаҳрванди Қирғизистонро поймол нахоҳанд кард", - омадааст дар иттилоияи ҷиноҳ.
Кумитаи амният ва Бюрои мубориза бо фасоди Қазоқистон 15 ва 16 феврал дар вилоятҳои Ҷамбулу Қазоқистони Ҷанубӣ ва шаҳри Алмато барои пешгирӣ аз ҷиноятҳои созмонёфта ва қочоқи мол дар минтақаҳои марзӣ амалиёти муштаракеро анҷом доданд, ки дар натиҷаи он 29 гумонбар бо шумули 4 шаҳрванди Қирғизистон, аз ҷумла Асилбек уулу дастгир шуданд.