Ссылки доступа

"Ведомости": дар Сурия 50 зархариди гуруҳи "Вагнер" кушта шудаанд (видео)


Манобеи нашрияи "Ведомости" мегӯянд, 7 феврал дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар минтақаи Дайр-уз-Зори Сурия 50 ҷангии гуруҳи низомии хусусии "Вагнер" -- шаҳрвандони Русия ва Украина кушта шудаанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони нашрия, 70 тани дигар захм бардоштаанд. Манобеъ гуфтаанд, эҳтимол аст, шумори кушташудаҳо бо шумули ҷангиёни Сурия ба 100 тан бирасад. Намояндагони Пентагон ҳам баъд аз анҷоми зарбаҳо шумори кушташудаҳоро ҳамин қадар гуфта буданд.

Телевизиони амрикоии CBS бо истинод ба манобеи худ дар Пентагон хабар дод, ки дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии ИМА дар Сурия зархаридони рус осеб дидаанд. Ҷангиёни рус гӯиё дар минтақаи Ҳишоми Сурия қасд доштанд, кони нафтеро тасарруф кунанд. Бино ба хабарҳо, аз гуруҳи "Вагнер" даҳҳо низомии рус ҷон бохтаанд. Вале вазорати дифои Русия ҳалокати шаҳрвандони худро рад карда, мегӯяд, низомиёни онҳо дар маҳалли ҳодиса ҳузур надоштанд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова ҳам гуфт, дар Сурия 5 шаҳрванди ин кишвар кушта шуданд, вале онҳо хидматчиёни ҳарбӣ набуданд. Ба гуфтаи ӯ, хабарҳо дар бораи кушта шудани даҳҳо ё садҳо шаҳрванди Русия дар Сурия сохта ва кори душманони Кремланд.

СМИ: в Сирии погибли 50 россиян и украинцев
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:50 0:00

Рӯзноманигорон ва пажӯҳишгарони мустақил то 16 феврал бо мусоидати матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ тавонистанд, ному насаби 9 кушташударо маълум созанд. Раиси кумитаи дифои порлумони Русия Владимир Шаманов танҳо ҳалокати 5 зархариди русро дар Сурия тасдиқ кард.​

XS
SM
MD
LG