Пажӯҳишгарон тавонистаанд, дар ҷанин дар баробари ҳар даҳ ҳазор ҳуҷайраи гӯсфанд 1 ҳуҷайраи инсонро ҷой кунанд. Онҳо тасмим доранд, ин андозаро то ба як дарсад боло бибаранд.
Донишмандони Калифорния соли 2016 дар ҷанини хук бофтаҳои ғадуди зери меъдаи инсонро парвариш карда буданд. Вале ба гуфтаи онҳо, ба ин гуна таҷрибаҳо гӯсфанд муносибтар аст. Зеро барои натиҷаи мусбат ба даст овардан ҷанини камтар лозим мебошад.