Холмурод Нуриддинов, раиси ҷамоати деҳоти "Тоҷикобод" гуфт, мақомот охири ҳафтаи гузашта 5 парчами монанд ба байрақи сиёҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро пайдо кардаанд, ки ду донаи он дар болои бинои ширкати Нусратулло Саидов -- бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ насб шуда буд. Раиси ҷамоат афзуд, се донаи дигарро аз дохили ҳамин бино пайдо карданд.
Мақомот баъди ин ҳодиса чанд сокин аз ҷумла Нусратулло Саидовро боздошт ва бозпурсӣ карданд. Саидов дертар дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки айни ҳол дар озодист.