Ба огаҳии сомонаи расмии президенти Қазоқистон, дар алифбои нав овозҳои "Ч" ва "Ш" бо ҳарфҳои "Sh" ва "Ch" ифода ёфтаанд. Ин фармони Назарбоев аз санаи нашраш ба иҷро хоҳад даромад.
Дар гузинаи пешини алифбои қазоқӣ бо ҳуруфи лотинӣ, ки Назарбоев онро тасдиқ карда буд, барои ифодаи овозҳои махсус аломатҳои зиёде истифода мешуд. Дар пайи қабули он ҳукумати Қазоқистон вазифадор шуд, то бо ташкили як гурӯҳи корӣ шароитро барои баргардони марҳила ба марҳилаи алифбои қазоқӣ ба ҳарфҳои лотинӣ то соли 2025 фароҳам орад.
Қарор аст, то соли 2025 тамоми ҳуҷҷатгузорӣ ва номи кӯчаву хиёбонҳои ин кишвар ба лотинӣ баргардон шаванд.