Пайравони равияи суфӣ дар шаҳри Ганобод, дар шарқи Эрон мегӯянд, дар натиҷаи задухӯрд бо кормандони пулис дасти кам яке аз онҳо ҷон бохтааст. Онҳо дар эътироз ба боздошти ҳамравияҳои худ дар назди бинои пулис даст ба тазоҳурот заданд.
Наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионҳои давлатӣ намоиш дода мешавад, нишон медиҳанд, дар шимоли Эрон як автобус гуруҳи кормандони пулисро пахш мекунад. Ба иттилои пулис, дар натиҷаи ин ҳодиса се корманди ҳифзи ҳуқуқ ҷон бохтааст.
Намояндаи пулис Саид Мунтазир 20 феврал хабар дод, ки ду узви "Басиҷ", созмони ниманизомии марбут ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ кушта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, беш аз 300 нафар, аз ҷумла ронандаи автобус дастгир гаштанд.
Ҷонибдорони раҳбари суфиҳои Ганобод Нуралӣ Тобанда 90-сола дар атрофи хонаи ӯ ҷамъ шудаанд, то пулис вайро дастгир накунад. Онҳо 19 феврал дар эътироз ба боздошти яке аз аъзои равия Неъматуллоҳ Риёҳии 72-сола дар назди идораи пулис гирди ҳам омаданд. Риёҳӣ гӯиё ба Теҳрон омада буд, то барои ҳимояти Тобанда ва хонааш кумак кунад.