Ба гуфтаи Элнура Кулуева, таъсисдиҳандаи ин чорабинӣ, ғизоҳои миллӣ дар майдони Ала-Тоо омода мешаванд. Таъсисдиҳандагон намояндагони Китоби рекордҳои Гиннесро ба чорабинӣ даъват кардаанд. "Мо онҳоро даъват кардем, ҳоло масъалаи омаданашон баррасӣ мешавад", - гуфт Кулуева.
Вай афзуд, барои баргузории ин чорабинӣ одамони хайрхоҳ ва сокинон кумаки моддӣ мерасонанд. Таҳия кардани ғизо ду рӯзро дар бар мегирад.
Соли 2015 Остона бо таҳия кардани 736,5 кило бешбармак рекорд гузошта буд. Ҳамакнун Бишкек мехоҳад, он рекордро бишканад.