- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 20-уми феврали 2018 (HD)
- Акси садо ба паём аз Ироқ. Хешовандони Марям дар Тоҷикистон пайдо шуданд. Пайвандони Марям, навраси тоҷик, ки ним сол қабл дар Ироқ пайдо шуд, роҳҳои баргардондани ӯро ба ватан ҷустуҷӯ доранд. Маълум шуд, ки Марями 10-сола яке аз панҷ фарзанди Ҷамолиддин Шоеви 37-сола, сокини шаҳри Ҳисор аст (видео)
- Баҳси Кумитаи забон ва истилоҳот бо фаъолони донишномаи Википедия (видео)
- Наход фақат ду кас "алик малик" бозӣ кунад? Сардори раёсати умури дохилии Хатлон, афсарони милисаро танқид кард, ки ба зидди қиморбозӣ дар кӯчаҳои Қӯрғонтеппа дуруст мубориза намебаранд (видео)
- “Гуфтанд, ки духтар таваллуд шуд, аммо ҷасади писарро доданд". Тақдири як хонавода дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон баъд аз таваллуди кӯдакашон пурмоҷаро шуд. Ба иддаои Шералӣ Ғуломов, сокини деҳаи Узнохури ноҳияи Балҷувон, рӯзи 9-уми феврали имсол соҳиби духтар шуданд, вале пизишкон баъди панҷ рӯз ҷасади писареро ба онҳо супурданд (видео)
- Куштори 6 нафар ва боздошти 300 каси дигар дар эътирози сӯфиёни эронӣ. (видео)
- Даргирии пулис ва сӯфиҳо дар Теҳрон. Таҷаммӯи тарафдорони як гурӯҳи сӯфиҳо бо номи "Дарвешҳои Гунободӣ" дар рӯбарӯи яке аз шӯъбаҳои пулис дар Теҳрон дар эътироз ба боздошти яке аз дарвешҳо, сабаби даргирӣ ва хушунат миёни кормандони пулис ва афроди ин гурӯҳ шудааст. Ҳамзамон пулис гуфтааст, ки дар ин даргириҳо се корманди ҳифзи ҳуқуқ кушта шуданд. (видео)
- Осиё: дар Қазоқистон гузинаи навбатии алифбо бо ҳарфҳои лотинӣ тасдиқ шуд. Президенти Қазоқистон гузинаи навбатии алифбои қазоқӣ бо ҳарфҳои лотиниро тасдиқ кард. Мардум тағйироти минбаъдаро мунтазиранд. Донишҷӯдухтари туркман дар Киев худкушӣ кард. Комисияи байниидоравӣ муайян сохт, ки дар садамаи маркази гармидиҳии Бишкек кӣ гунаҳкор аст. (видео)
- Назарбоев бори дигар гузинаи нави алифбои қазоқиро тасдиқ кард. (видео аз Директ)
- Саргузашти қаҳрамони паролимпии амрикоие, ки дар Русия ба дунё омадааст. (видеои Настоящее время)
- Талаби маош. Гуруҳи кормандони 20 ширкат бо талаби пардохти маошашон дар назди бинои "Нур Отан" ҷамъ омаданд. Остона, 20 феврал, соли 2018. (видео аз Директ)
- "Агар Янукович Майдонро саркӯб мекард, мо Русияи демократитареро медидем". Дмитрий Некрасов дар бораи он ки чи гуна Майдон сиёсати дохилии Русияро тағйир дод. (видеои Настоящее время)
- Дар Киев донишҷӯдухтари туркман худро аз болои пул ба дарё андохт. Хонаводаи донишҷӯ дар марги ӯ раҳбарияти донишгоҳро айбдор мекунанд. (видео аз Директ)
- Беҳтарин аксҳои ҳафта аз Қрим. (нигористон)