Дар маросими барчидани девор ҳайатҳои марзбонии Ӯзбекистону Тоҷикистон иштирок доштанд. Девори мазкур, ки баландияш 3 ва дарозияш 10 метр буду тоҷикистониён онро "девори Ислом Каримов" меномиданд, соли 2010 бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон бунёд шуд.
Ба иттилои мақомоти тоҷик, қарор аст, дар гузаргоҳи "Саразм-Ҷартеппа" терминали нав, меҳмонхона ва истодгоҳи мошинҳо бунёд карда шавад.
Ба гуфтаи сокини деҳаи "Саразм"-и ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон Осим Ҷамолов, тағйири ахир дар гузаргоҳи "Саразм-Ҷартеппа" ба беҳтар шудани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя рабт дорад.
Рӯзноманигори тоҷик аз Панҷакент Шоҳин Равшан гуфт, интизор меравад, гузаргоҳи марзии "Саразм-Ҷартеппа" миёнаҳои моҳи оянда боз шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир, дар Панҷакент ба ҷашни "Наврӯз" омодагӣ мебинанд. Қарор аст, дар маросимҳои ҷашнӣ ҳайати Ӯзбекистон ҳам ширкат варзад.