Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврал хабар дод, ки дар маросими ифтитоҳи ин марказ президент ва ҳамзамон сарфармондеҳи олии нерӯҳои мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон иштирок дошт. Маркази идоракунии нерӯҳои мусаллаҳ бо марказҳои маъмурии Бадахшону Суғд, Хатлон ва минтақаи Рашт ҳам пайваст мебошад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар марҳилаи баъдӣ, бунёди наздики 10 нуқтаи идоракунии дигар дар қисмҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳ пешбинӣ гардидааст. Гуфта мешавад, ин марказ бо системаи навтарини тамоси видеоконфронси пӯшида муҷаҳҳаз буда, тавассути он интиқоли иттилооти электронӣ, идораи мустақими нерӯҳо ва ташкили дигар амалиёти ҷангӣ имконпазир аст.