Пешгирӣ аз чунин муомилот дар асл муҷозот аст, шарҳ дод Нойерт. Ба гуфтаи вай, ин маънои онро дорад, ки ба буҷаи Русия маблағи камтар ворид мешавад ва Вашингтон инро "дар амри ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани Русия" барои дахолаташ дар интихоботи Амрико ва амалкардаш дар Сурия, ҳамчун як пешравӣ баҳо медиҳад.
Вашингтон қаноатманд аст, ки бархе аз кишварҳо харидани чанд навъи молу маҳсулоти Русияро қатъ карданд, гуфт намояндаи департаменти давлатӣ.
Қонун дар бораи муқобила бо рақибони Амрико, ки соли гузашта аз сӯи Конгресс қабул ва аз ҷониби президент Доналд Трамп имзо шуд, ҳамчунин имкон медиҳад, зидди кишварҳое, ки бо Русия дар бахши низомӣ ва иктишофӣ ҳамкорӣ мекунанд, таҳримҳои иловагӣ эълон шавад.