Ссылки доступа

Роҳи ҷанҷолии Тоҷикистону Ӯзбекистон боз мешавад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 21-уми феврали 2018 (HD)

- Осиё: қурбониёни хушунати хонаводагии Тоҷикистон зидди оморгирон. Кормандони Хадамоти амнияти Ӯзбекистон дигар шӯроҳои динӣ ва масоҷидро идора намекунанд. Шаҳрдори Алмато дар бораи кори яксолааш ҳисобот дод. Дар Тоҷикистон мақомот мегӯянд, сатҳи хушунати хонаводагӣ поин рафтааст. Вале коршиносон назари баръакс доранд. (видео)

- "Дуредгар шеъру оҳанг эҷод мекунад... каланд месозад". Дар Тоҷикистон беш аз сад номгӯи ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ аз пардохти андоз комилан озод шуданд. Мардум маҳсулоти косибони худиро аз Чин фарқ мекунанд (видео)

- Дар Душанбе ба панҷ овора ҷойи кору сарпаноҳ доданд. Мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе ба панҷ нафари бе касу кӯй дар пойтахт ҷойи кору хоб доданд (видео)

- Роҳи ҷанҷолии Тоҷикистону Узбекистон боз мешавад. Дар Тоҷикистон барои боз шудани роҳе омодагӣ мегиранд, ки 8 сол пеш баста шуд ва Хатлону мардумашро ба мушкилоти зиёде гирифтор кард. Роҳи Амузанг-Хатлон мумкин аст, моҳи март дигарбора боз шавад (видео)

- САҲА дар Рашт се деҳаро рӯшан кард. Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо бо мусоидати ҳукумати Норвегия се деҳаро дар минтақаи дурдасти водии Рашт, дар шарқи Тоҷикистон бо неруи барқ таъмин кардааст (видео)

- Наздикони Муқаддас :"Сабаби худкушӣ бадрафтории устодон аст, на ишқи ноком". Дар Украина то ба ҳол ҷасади духтари 18 солаи туркманро, ки худро ба дарё партофта буд, пайдо накардаанд. Додситонии Киев аз рӯи далели ба худкушӣ расонидан парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Дар ин қазия раҳбарияти Донишгоҳи миллии тиббӣ муттаҳам мешаванд. (видео)

- Модари Айип: писарам дар ин хона ҳеч саҳме нагузоштааст. Додгоҳи Бишкек масъалаи фурӯши хонаи рӯзноманигор Норин Айипро барои пардохти ҷубронпулӣ ба президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев баррасӣ мекунад. Вале модари рӯзноманигор Райла Идинова бо нашри як изҳороти видеоӣ хост, вайро аз ягона манзили зисташ маҳрум накунанд. (видео)

- Яхмолакбозони қазоқистонӣ дар Пхёнчхан (нигористон)

- Нирӯҳои Туркияву Сурия дар Африн ба ҳам дарафтоданд. (видео аз Директ)

- Моҷари допингӣ ва пирӯзии воқеӣ: варзишгарони рус дар Бозиҳои олимпӣ чӣ ҳол доранд. (видео аз Директ)

- Додгоҳ Порошенкоро ҳангоми баррасии парвандаи хиёнат ба давлати Янукович пеш аз вақт ҷавоб дод. (видео аз Директ)

- Довталабе дар Якутия дар кӯчаҳо партовҳоро ҷамъ карда, ба хонаводаҳои серфарзанд кумак мерасонад​. (видеои Настоящее время)

- Эътирози донишҷӯёни донишгоҳи Москва. Гуруҳи ташаббускори донишҷӯёни донишгоҳи давлатии Москва зидди бунёди макони мухлисони Бозиҳои олимпӣ дар назди бинои асосии таълимгоҳ беш аз 4 ҳазор имзо ҷамъ кардаанд. (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG