Ссылки доступа

Дар Киев ҷустуҷӯи ҷасади донишҷӯдухтари туркман идома дорад (видео)


Дар шаҳри Киев, пойтахти Украина ҷустуҷӯи ҷасади донишҷӯдухтари туркманистонӣ Муқаддас Носиралиева, ки худро аз болои пул ба дарё андохт, идома дорад. Бино ба фарзияҳои пешакӣ, Носиралиева дар пайи як мушкили донишгоҳӣ даст ба худкушӣ задааст.

Дар худкушии ӯ раҳбарияти Донишгоҳи тиббии Киев айбдор мешавад. Дар додситонии Киев гуфтанд, ки Носиралиева 30 январ аз донишгоҳ берун шуда, ба метро нишаста ва сипас худро ба дарёи Днепр андохтааст. Ин ҳамаро дурбинҳои назоратӣ сабт кардаанд.

"Мо тамоми гузинаҳои эҳтимолӣ ва ҳамаи ҷуқуриҳоро дидем, вале мутаассифона, ҷасадро пайдо накардем", - гуфт муовини сардори Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина Юрий Билетский.

Хонаводаи донишҷӯ мегӯянд, дар худкушии Носиралиева раҳбарияти донишгоҳ айбдор аст. Зеро ба гуфтаи онҳо, раҳбарияти донишгоҳ зери санаде, ки донишҷӯ бар пояи он метавонист, муҳлати анҷомшудаи раводид (виза)-и худро дубора тамдид кунад, имзо нагузоштаанд.

"Он рӯз Носиралиева бо чашми ашколуду аризаи порашуда дар дасташ аз утоқи муовини декан Татяна Тимохина берун шудааст. Тимохина ҳатто аризаро нигоҳ накардааст ва ба дасташ дода, гуфтааст, ки ҳеч чизро имзо намекунад", - мегӯяд вакили дифои хонаводаи Носиралиевҳо Равшанбек Розметов.

Дар ҳоли ҳозир, аз мавқеи хонаводаи Носиралиевҳо Розметов ҳимоят дорад, ки аз Туркманистон ба Киев рафтааст. Ӯ аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунад. Рӯзи душанбе Татяна Тимохина аз мақомаш барканор шуда, дар донишгоҳ гуфтанд, ки санҷиши дохилии хидматӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG