Ссылки доступа

"Аз ҷинояте мақомотро хабардор кардаму... радди маърака шудам"


Як сокини ноҳияи Панҷакент мегӯяд, зикри номаш ба ҳайси шоҳид дар парвандаи марбут ба қочоқбарони маводи мухаддир зиндагии ӯро дигар кард.

Муртазо Зубайдов, сокини 47-солаи деҳаи Фороби Панҷакент, гуфт, соле пеш ба мақомот бо шарти махфӣ мондани исмаш дар бораи ду кочоқбари маводи мухаддир хабар расонд. Ӯ рӯзи 22-юми феврал гуфт, бар асоси хабари ӯ дар пайи як амалиёт чаҳор нафар боздошт шуд. Шарт ин буд, ки исмаш махфӣ мемонад. Аммо Зубайдов мегӯяд, пас аз чанд моҳи тафтиш маълум шуд, ки исми ӯ дар парванда ҷой шудааст ва гумонбарон аз ин бохабар гардиданд.

“Баъди ин рӯзам дар деҳа сиёҳ шуд. Гуфта буданд, ки мо номи туро ба ҳеч кас намегӯем. Аммо вақте парвандаро дар додгоҳ хонданд, номи ман дар ҳафт ҷо навишта шудааст. Ҳама “буз” гуфта, аз ман рӯй гардонданд. Касе ҳамроҳам гап намезанад. Ариза навиштам, ки нафаре номи маро фош кардааст, ҷазо дода шавад, то ба ҳол ҳеч амале нест. Ман қарзи шаҳрвандиамро анҷом додам, аммо дар бало мондам”, - нақл кард ӯ.

Ин мард мегӯяд, ҳоло ҳар нафаре бо ҳар иттиҳоме дар деҳа боздошт шавад, ангушти ишора ҳамчун хабаррасон ба сӯи ӯ дароз мегардад. “Писари холаамро бо гумони ифротгароӣ боздошт карданд. Бечора чаҳор кӯдак дорад. Ба ҳайси шоҳид даъват карданд, гуфтам, ки намедонам. Вале боз ҳама аз ман гумонбар аст. Хешу табор низ аз ман рӯй гардонд”, - мегӯяд ин сокини ноҳияи Панҷакент.

Муртазо Зубайдов мошини боркаши шахсӣ дорад ва зиндагии хонаводааш аз ин ҳисоб аст. Ҳоло дар даст бастаи ариза ба Душанбе омадааст, то шикояташро дар ин бора ба Додситонӣ ва Дастгоҳи иҷроияи президент супорад.

Рашид, як сокини деҳаи Фороби Панҷакент гуфт, мардум ду нафари боздоштшуда аз он чаҳор нафарро бегуноҳ медонанд ва ба ҳамин хотир андешаашон нисбат ба Муртазо дигар шуд. Ӯ гуфт, “қонунҳои давлатро мефаҳмем, вале вақте бо хабарҳои росту дурӯғ мардумро ташвиш медиҳанд, ҳамин хел фикр пайдо мешавад. Гунаҳкор будани он боздоштшудаҳоро намедонам, вале мардум мегӯянд, ду нафараш бегуноҳ буд.”

XS
SM
MD
LG