Ссылки доступа

Русия қатъномаи сулҳи СММ-ро дар умури Сурия рад кард


Русия шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар Шӯрои амнияти СММ қатъномаи сулҳи 30-рӯзаи Сурияро рад кард. Сафири Русия дар СММ Василий Небензя лоиҳаи пешниҳодии Шветсия ва Кувайтро "ғайривоқеӣ" номид.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия низ пештар ин лоиҳаро танқид кард. Вай гуфт, набояд бо гуруҳҳое созиш кард, ки Русия онҳоро террористӣ эътироф кардааст.

Миёни ин гуруҳҳо - мухолифони режими президенти Сурия Башор Асад дар Гутаи Шарқӣ, наздикии Димишқ низ ҳастанд. Маҳз бомбаборони ин минтақа боиси баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ гардид. Мухолифони Сурия ва созмонҳои башардӯстонаи байналхалқӣ мегӯянд, дар натиҷаи бомбаборон шумори зиёди аҳолии осоишта кушта шудааст. Хизер Нойерт, намояндаи департаменти давлатии ИМА масъулияти кушторҳои Гутаи Шарқиро бар души Москва бор кард. "Агар Русия режими Сурияро пуштибонӣ намекард, ин хунрезиҳо ҳам сурат намегирифт", - гуфт вай.

Дар ҳоле, ки намояндагони Ғарб аз эҳтимоли ҳамлаҳои нав ба Гутаи Шарқӣ аз сӯи артиши Сурия изҳори нигаронӣ мекунанд, сафири Сурия дар СММ тасдиқ кард, ки Башор Асад маҳз чунин нақша дорад.

XS
SM
MD
LG