Ссылки доступа

Сафири нави Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба кор шуруъ кард


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари оғоз ба фаъолият кардани Эргаш Шоисматов ба ҳайси сафири нави Ӯзбекистонро дар Душанбе тасдиқ кард.

Таъини сафири нави Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар замоне иттифоқ афтод, ки муносибатҳои Тошканду Душанбе беҳбуд ёфта, қарор аст дар аввалҳои моҳи март сафари расмии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сурат бигирад.

Сафири пешини Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов, ки 14 соли ахир ба ҳайси сафир фаъолият кард, ахиран аз Тоҷикистон бозхонд шуда, дар дастгоҳи президенти кишвараш дар бахши сиёсати хориҷӣ вазифа гирифт.

Эргашт Шоисматов - сафири нави Ӯзбекистон дар Тоҷикистон - соли 1951 таваллуд ва Донишкадаи политехникии Тошкандро хатм кардааст. Солҳои 1996 то 2001 вазири энержии Ӯзбекистон буд. Дар солҳои баъдӣ ба ҳайси ноиб-сарвазир, раиси Иттифоқи касабаҳои кормандони соҳаи энержӣ, раиси "Uztransgaz" фаъолият дошт.

XS
SM
MD
LG