Ссылки доступа

Дар Хатлон се корхонаи истеҳсоли арақро ҷарима карданд


Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон се корхонаи истеҳсоли арақро барои роҳ додан ба хато ҳангоми истеҳсоли машрубот ҷарима ва як тои дигарро барои ду сол аз ҳаққи фаъолият маҳрум кардаанд.

Ба гуфтаи мақомот, корхонаҳои истеҳсоли машруботи “Тоҷикистон”, “Кӯҳсори Хатлон”, “Хуррамзамин” ва “Форсиён” миқдори алкоҳолро дар таркиби арақ кам нишон дода ва онро дар шишаҳои ғайристандартӣ фурӯхтаанд.

Шодимат Раҷабов, як намояндаи “Тоҷикстандарт” дар вилояти Хатлон 24 феврал гуфт, онҳо корхонаҳои истеҳсоли арақро тафтиш кардаанд, то бубинанд, ки оё қоидаву меъёрҳои истеҳсол риоят мешавад, ё не.

"Санҷишҳо бо ҳамкории мақомот баргузор шуд. Намунаҳоро оварда санҷидем, ки аз рӯи нирӯмандӣ ва ҳаҷми рехт маҳсулоти ғайристандартӣ дониста шуд. Барои ба талаботҳои техникӣ ҷавобгӯ набуданашон, нисбаташон чораҳои маъмурӣ дидем. Ба мақомот пешниҳод кардем. Ҷарима шуданд, мушкилашонро ҳал мекунанд ва баъдан корашонро идома медиҳанд" – гуфт Раҷабов.

Раҷабалӣ Одинаев, роҳбари ҷаъмияти саҳомии "Кӯҳсори Хатлон" гуфт, ки дар воқеъ корхонаи онҳоро 15 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. Ҳоло “Кӯҳсори Хатлон” барои ду сол аз ҳаққи тавлиди арақ маҳрум шудааст.

XS
SM
MD
LG