Ссылки доступа

Ҳушдори Кумитаи забон ба Obi Zulol, Маzza ва Zaraman (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Барои медали Олимпӣ чӣ қадар пардохт мекунанд? (инфографика)

- Ба занони Рашт кӯмак мекунанд, то дастнигари касе набошанд. Дар Ғарм як маркази навтаъсис ба занони танҳо кӯмак мекунад, то оилаҳои худро таъмин кунанд. Марказ бо кӯмаки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо таъсис ёфтааст (видео)

- Муниса Ризоева аз даъвати Жасмин ба консерташ ҳимоят кард. Баҳси муҳоҷирони ӯзбектабори Маскав баъди даъвати блогери дуҷинса (видео)

- Рамазон Мирзоев: Хотироти солҳои 90-ум. Яке аз дипломатҳои собиқадори тоҷик китоби хотироти худро дар бораи рӯйдодҳои солҳои 90-ум нашр намуд. Рамазон Мирзоев, сафири собиқи Тоҷикистон дар Русия ва Эрон гуфт, бо чопи “Давлати безавол” дидаву шунидаҳои худро дар бораи ҳодисаҳои тақрибан сӣ соли пеш баён кардааст (видео)

- Ҳушдори Кумитаи забон ба Obi Zulol, Маzza ва Zaraman. Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба ширкати мобилии «Билайн» дастур дод, ки номи ду тарофааш – «Чақ-чақ» ва «Панҷа парто»-ро иваз кунад. Масъулони ин кумита номи ин тарофаҳоро муғойир ба бандҳои қонуни забон донистанд (видео)

- Робот-оҳангсоз Алисия мусиқӣ эҷод мекунад (видео)

- Навбатпоӣ дар марзи Қирғизистону Ӯзбекистон. Дар гузаргоҳи марзии “Достук” дар вилояти Ӯш 24 феврал навбатпоии тӯлонӣ сар зад (видео)

- Русияро дар бомбаборони Гутаи Шарқӣ айбдор мекунанд. 300 одам дар ин ҳодисаҳо кушта шудааст (видео аз Директ)

- Дар Қазон хотираи Борис Немтсовро гиромӣ доштанд (нигористон)

- Ҳазорон нафақахӯр маркази Мадридро баста, талаб карданд, нафақа бештар шавад (видео аз Директ)

- 389 кг кокаин чӣ гуна аст. Ин миқдор кокаинро дар сафорати Русия дар Аргентина пайдо карданд (видеои Настоящее время)

- Боғи ҳайвоноти намунавӣ дар Тифлис (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG