Ссылки доступа

Тошканд боздошти додситони пешинро расман тасдиқ кард (видео)


Додситонии кулли Ӯзбекистон боздошти Рашид Қодиров, собиқ прокурори генералии ин кишварро тасдиқ кард.

Мақомоти Додситонии кулли Ӯзбекистон рӯзи 24-уми феврал бо нашри изҳороти расмӣ гуфтанд, ки Қодиров бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – “тамаъҷӯӣ”, “суистифода аз мансаб” ва “порагирӣ” – муттаҳам аст.

Расонаҳои менависанд, Алишер Қодиров, писари 42-солаи Рашид Қодиров тақрибан даҳ рӯз пеш аз кишвар берун рафтааст.

Рашид Қодиров, ки 15 сол раёсати Додситонии кулли Ӯзбекистонро бар уҳда дошт, моҳи апрели соли 2015 аз мансабаш барканор шуд.

Президент Мирзияев назвал узбекских прокуроров «самыми большими ворами»
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:29 0:00

XS
SM
MD
LG