Дар баёнияи расмии вазорат омадааст, ки ду тараф “хати марзи давлатӣ дар минтақаҳои алоҳидаро баррасӣ карданд” ва гуфтанд, ки ба онҳо муяссар шудааст, дар муддати кӯтоҳе дар масъалаи таъйини сарҳад ба пешрафтҳои чашмгир ноил шаванд.
Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон, ки рӯзи 24-уми феврал нашр шуд, ҳамчунин омадааст, дар ин нишаст, аъзои ҳукуматҳо, вазирон ва раҳбарони ниҳодҳои муҳими иқтисодӣ ҳузур доштанд. “Дар ҷараёни музокироти сермаҳсул, ки дар фазои бозу дӯстона ва созанда сурат гирифт, раҳбарони ҳайатҳо ба сатҳи ҳамкориҳои феълӣ ва рушди муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳои баланд доданд”.
Ду тараф ҳамчунин бастаи созишномаву қарордодҳоеро баррасӣ кардаанд, ки қарор аст, дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон имзо шаванд. Қарор аст, Шавкат Мирзиёев моҳи оянда ба Душанбе сафари давлатӣ анҷом бидиҳад.