Ссылки доступа

Автобуси муҳоҷирони ӯзбек дар Қазоқистон чаппа шуд


Департаменти умури дохилии вилояти Оқтеппаи Қазоқистон иттилоъ додааст, ки дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дасти кам 7 мусофири автобус захмӣ шудаанд.

Ба огаҳии пулис, ин садама шаби 25 феврал дар шоҳроҳи Чимкент-Самара, дар ҳудуди ноҳияи Хромтауи Оқтеппа рух додааст. Автобусе, ки ба садама дучор шуд, 25 шаҳрванди Ӯзбекистонро интиқол медод.

"Ронандаи 35-солаи автобуси Mercedes ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Оқтеппа ба самти Хромтау аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, онро чаппа кард. Дар натиҷа 7 мусофири автобус - шаҳрвандони Ӯзбекистон бо захмҳои гуногун ба беморхонаи Хромтау интиқол дода шуданд", - омадааст дар иттилоияи пулис.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ё идораи воситаи нақлиёт" парванда боз ва тафтишот оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG