"Дар ҳоли ҳозир, амали кортҳои Visa, ки шаҳрвандони мо дар хориҷ аз он бештар истифода мекунанд, пурра қатъ шудааст. Сокинон ҳатто наметавонанд, ба кортҳояшон пул ворид кунанд. Ба мо низ нагуфтанд, ки ин маҳдудият то кай идома меёбад", - афзуд яке аз ҳамсуҳбатони мо .
Як донишҷӯи туркман, ки дар Қазоқистон таҳсил мекунад, 23 феврал ин хабарро тасдиқ кард. Дар Бонки иқтисоди хориҷии Туркманистон ба ӯ гуфтаанд, ки фаъолияти кортҳои Visa дар хориҷ қатъ карда шуд. "Маҳдудияти нав вазъи донишҷӯёнеро, ки кор намекунанд, хеле бад хоҳад кард", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ, шаҳрвандони ин кишвар аз 22 феврал ба фарзандони худ, ки дар хориҷ таҳсил доранд, метавонанд ба воситаи хидматрасониҳои “MoneyGram” ва “Western Union” танҳо 300-долларӣ фиристанд.
"Дар ҳоли ҳозир, дар назди биноҳои асосии бонкҳо навбатпоиҳои тӯлонӣ дида мешавад. Барои намуна, дар назди дари бонки Сенагат 400-500 одам навбат истодаанд. Ба муштариён хеле суст хидмат мерасонанд", - мегӯяд як сокини Ишқобод Амонмурод Бугаев.