Ба иттилои нозирон, давоми як ҳафтаи охир дар Гута аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминӣ ҳадди ақал 519 одам кушта шудааст. Миёни кушташудаҳо бештар аз 100 кӯдак низ ҳаст. Расонаҳо аз шиддат гирифтани даргириҳои заминӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва шӯришгарон дар наздикии Гута хабар медиҳанд.
Рӯзи шанбе Шӯрои амнияти СММ қатъномаи оташбаси фавриро дар Сурия қабул кард.
Низоми оташбас гуруҳҳои тундгарои "Ал-Қоида" ва "Давлати исломӣ"-ро фаро намегирад. Русия ҳангоми баррасии лоиҳаи оташбас пофишорӣ кард, ки гуруҳҳои наздик ба созмонҳои тундгаро низ шомили оташбас нашаванд. Режими Сурия ҳамаи гуруҳҳои шӯришгарро, ки аз сӯи Ғарб пуштибонӣ мебинанд, террорист унвон мекунад.