Ссылки доступа

Ӯзбекистон барои муҳоҷиронаш ҳаракати автобусу қаторҳои махсусро ба роҳ мемонад


Мақомоти Ӯзбекистон талош доранд, барои шаҳрвандони худ, ки ба хотири пайдо кардани ҷойи кор ба Қазоқистону Русия мераванд, масирҳои нави равуоро боз кунанд.

Муовини вазири шуғл ва робитаҳои муҳоҷиратии Ӯзбекистон Зокир Умаров дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, дар ин бора аллакай лоиҳаи қарори президент омода шуда, қарор аст, рӯзҳои наздик имзо шавад.

Ҳукумати Ӯзбекистон дар пайи як дастури президент Шавкат Мирзиёев ниҳодҳои дахлдори ин кишварро вазифадор кард, ки то охири моҳи феврал роҷеъ ба ташкили равуои мунтазами байналмилалии автобусҳои мусофирбар бо назардошти талаботи сокинон пешниҳодҳои худро ироа кунанд.

"Дар баробари ин, ҳамчунин масъалаи роҳандозии ҳаракати қатор ба минтақаҳои Қазоқистону Русия ва ҷудо кардани вагонҳои иловагӣ ба самтҳои мазкур дар ҳоли баррасӣ аст. Гуфтугӯҳо бо ҷониби Русия низ дар ин бобат идома доранд", - афзуд Умаров.

Ба гуфтаи ӯ, гуфтугӯҳои ҳамсон бо ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон ҳам ҷараён доранд. Раҳбарияти Ӯзбекистон ба ширкат иҷозат дод, ки билети масирҳои байналмилалиро аз арзиши аслӣ поинтар фурӯшад. Ҳамчунин ба Вазорати молия дастур дода шудааст, ки ба ширкат аз нигоҳи андоз сабукӣ диҳанд.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки ба хотири пайдо кардани ҷойи кор ба Қазоқистону Русия мераванд, барои сарфаи маблағ бештар бо автобус сафар мекунанд. Вақтҳои ахир шумори садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки ин автобусҳо афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG