Ссылки доступа

Туркия аз Чехия хост, раҳбари курдҳои Сурияро таслим кунад


Туркия аз мақомоти Чехия расман дархост кард, ки раиси ҷамъияти курдҳои Сурия Солеҳ Муслимро ба Анқара таслим кунад. Муовини сарвазири Туркия Бекир Боздаг гуфт, Солеҳ Муслим, ҳамраиси пешини ҳизби "Иттиҳоди демократӣ" 26 феврал ба додгоҳи Прага эҳзор шуд.

Муслим 24 феврал бо дархости Анқара дар шаҳри Прага боздошт шуд. "Иттиҳоди демократӣ" гуфт, "Туркия бидуни асоси ҳуқуқӣ боздошти як шаҳрванди кишвари дигарро дархост кардааст".

Анқара истирдоди Муслимро баъд аз он дархост кард, ки додгоҳи Туркия ӯро ба нақзи "ягонагии кишвар" ва қонунҳои дигар айбдор донист. "Иттиҳоди демократӣ" як нирӯи сиёсии курдҳо дар шимоли Сурия аст. Соли гузашта Муслим аз ҳамраисии он истеъфо дод, вале яке аз шахсиятҳои бонуфузи иттиҳод шумурда мешавад.

Анқара мегӯяд, "Иттиҳоди демократӣ" як ҷиноҳи Ҳизби коргарони Курдистон аст. Ҳизби коргарони Курдистон дар Туркия ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG