Ин дар ҳолест, ки шиносномаҳои биометрӣ дар он кишвар соли 2008 роҳандозӣ шуд ва 10 сол эътибор доштанд.
Соли 2016 муҳлати онҳо ба панҷ сол поин оварда шуд.
То соли 2008 шаҳрвандони Туркманистон ҳам барои сафарҳои хориҷӣ ва ҳам барои истифодаи дохилӣ як шиноснома доштанд. Он замон баъди ҷорӣ шудани шиносномаҳои нав ҳазорон сокини Туркманистон бо мушкил рӯ ба рӯ шуданд. Онҳое, ки дар хориҷ буданд, бо шиносномаҳои куҳна ҳамакнун будубошашон ғайриқонунӣ шинохта шуда буд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки шиносномаи хориҷии Туркманистонро мешавад танҳо аз дохили кишвар дарёфт кард. Намояндагиҳои дипломатӣ иҷозати тақсими шиносномаҳои хориҷиро надоранд.