Ссылки доступа

Дар минтақаҳои Туркманистон камбуди орду нон мушоҳида мешавад


Расонаҳо менависанд, дар мағозаҳои вилояти Дашоғуз ба сокинон вобаста ба шумори аъзои болиғи хонавода орд мефурӯшанд. Ба иттилои сокинон, ҳар узви болиғи хонавода ҳаққи харидани 5 кило ордро дорад. Ин дар ҳолест, ки аъзои ноболиғи хонаводаро ба эътибор намегиранд.

Расонаҳо менависанд, дар мағозаҳо орди истеҳсоли соли 2008-ро, ки муҳалаташон гузаштааст, ба фурӯш баровадаанд. Вале сарфи назар аз ин, барои харидани орд сокинон маҷбуранд, ҳадди ақал аз панҷ ниҳоди давлатӣ санад биоранд ва баъди ҳамаи ин давоми 15-20 рӯз навбатпоӣ кунанд.

Дар вилояти Марӣ низ камбуди орд мушоҳида мешавад, аммо на ба андозаи вилояти Дашоғуз. "Дар вилояти мо ордро бо халта мефурӯшанд, аммо ба ҳар сурат сокинон барои харидани он навбатпоӣ мекунанд. Ҳар хонавода ҳақ дорад, як халта орд харидорӣ кунад", - гуфт як манбаъ аз вилояти Марӣ.

Ба гуфтаи як сокини дигари Марӣ, тартиби харидани ордро мақомот ҳар замон тағйир медиҳанд. "Ҳар хонавода ба ҳисоби миёна аз 4-5 одам иборат аст. Ба ҳар хонавода иҷозати харидани танҳо як халта орди 50-килоиро медиҳанд. Агар фаразан хонавода аз 10-12 нафар иборат бошад, 50 килограм кифоят намекунад", - гуфт сокини вилояти Марӣ.

Туркманистон аз моҳи декабри соли гузашта ба норасоии орд рӯ ба рӯ шуд. Мақомот ва расонаҳои давлатӣ дар бораи ин масъала ҳарфе намезананд.

XS
SM
MD
LG