Ссылки доступа

Бишкек навбатпоиҳои тӯлонӣ дар марз бо Ӯзбекистонро ба афзошии равуо бастагӣ дод


Хадамоти марзбонии Қирғизистон навбатпоиҳои тӯлонӣ дар гузаргоҳҳои марзии ин кишвар бо Ӯзбекистонро шарҳ дод. Ин ниҳод мегӯяд, навбатпоиҳо дар пайи тақвият ёфтани фаъолиятҳои тиҷории сокинони ду кишвар ба миён омадаанд.

"Навбатпоиҳо дар ту тарафи марз, ҳам аз ҷониби Қирғизистон ва ҳам аз ҷониби Ӯзбекистон дида мешавад. Дар назди гузаргоҳҳо одамон ва воситаҳои нақлиёт асосан субҳгоҳ ва баъд аз нисфирӯзӣ, бахусус дар рӯзҳои баргузории бозорҳо ҷамъ мешаванд", - омадааст дар иттилоияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ба огаҳии хадамот, дар гузаргоҳи марзии "Достук"-и Қирғизистон бо Ӯзбекистон, дар ҳоли ҳозир, даричаҳои иловагӣ боз шудааст. Аз 15 январи соли равон дар ин гузаргоҳ 10 даричаи вуруд ва хуруҷ амал мекунад. Тавонмандии гузаргоҳ 1,7 баробар афзоиш ёфта, дар як шабонарӯз ба воситаи он беш аз 7 ҳазор одам мегузарад.

Мақомоти қирғиз мегӯянд, тасмим доранд, рӯзҳои наздик дар гузаргоҳи мазкур 4 дари дигар боз кунанд.

Ӯзбекистон аз моҳи сентябри соли 2017 тамоми маҳдудиятҳоро дар марз бо Қирғизистон бекор кард. Сокинони ду кишвар 7 сол инҷониб наметавонистанд, барои зиёрати наздикони худ ба он тарафи марз бираванд ва ё робитаҳои тиҷорӣ дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG