Ссылки доступа

Мудири оҷонсии амнияти ИМА: Русия дахолаташро дар интихоботи Амрико ҷуброн накардааст


Майкл Роҷерс, мудири Оҷонсии амнияти миллии Амрико гуфт, ИМА талош накард, ки Русия барои дахолаташ дар интихоботи президентӣ ҷуброни миёншикан пардозад.

Роҷерс дар ҷаласаи Кумитаи умури мудофиаи сенати ИМА суханронӣ кард. Роҷерс ба ҷуз аз Оҷонсии амнияти миллӣ роҳбари ситоди артиши киберии кишвараш низ ҳаст. Ба гуфтааш, вай барои инъикоси ҳамлаҳои киберии Русия тамоми зарфияташро истифода мебарад, аммо Кохи сафед ба вай дастур надод, ки ба шабакаҳои электронии Русия ҳамлаҳои ҷавобӣ анҷом диҳад.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Кохи сафед Сара Сандерс гуфт, "ҳеч касе монеъ намешавад, ки Роҷерс масъулиятҳояшро анҷом диҳад". Сара Сандерс афзуд, ҳамлаҳои киберии Русия дар даврони роҳбарии президент Обама шуруъ шуданд ва Роҷерс барои пешигрӣ аз он ҳамлаҳо талоши зиёд накарда буд.

Ахиран расонаҳои амрикоӣ бо такя ба манбаъҳояшон хабар доданд, мақомоти махсуси ИМА далелҳои кофӣ пайдо кардаанд, ки рахнагарони интернетии Русия дар ҷараёни интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико низоми раъйдиҳии се аёлатро рахна карда буданд.

XS
SM
MD
LG