Зидди Тоймуроз Олимов, муовини раҳбари Раёсати барҳамхӯрдаи мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккили Хадамоти амнияти Ӯзбекистон бо бандҳои "Куштори барқасдона", "Сӯистифода аз мақом, берун баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ" ва "Ба ҷавобгарӣ кашидани бегуноҳон" парванда боз шудааст.
Тоймуроз Олимов бо дархости Додситонии ҳарбии Ӯзбекистон дастгир шуда, дар ҳоли ҳозир, дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати корҳои дохилии ин кишвар қарор дорад.
Раҳбари Гуруҳи ташаббускори ҳомиёни ҳуқуқи мустақили Ӯзбекистон Сурат Икромов мегӯяд, номи Олимов дар тамоми қазияҳои шиканҷаи зиндониён шунида мешуд ва ба гуфтаи Икромов, ӯ дар маҳви шахсиятҳои "нолозим" ва шоҳидони ҳодисаҳое даст дорад, ки бояд пинҳон мемонданд.