Ссылки доступа

Дариға Назарбоева: "Забони русиро касе манъ накардааст"


Дариға Назарбоева, раиси кумита дар умури байналхалқӣ, мудофиа ва амнияти сенати порлумони Қазоқистон дар ҷаласаи порлумон бо забони русӣ суҳбат кард. Ба ин тартиб, вай овозаҳои поин бурдани мавқеи забони русиро рад кард.

"Забони русиро касе манъ накардааст, ман дархости вакилиамро бо ҳамон забоне анҷом додам, ки бароям қобили қабул буд", - гуфт Дариға Назарбоева дар суҳбат бо рӯзноманигорон.

Изҳороти ахири Дариға Назарбоева талоши навбатии фурӯ нишондани нигарониҳои мардум дар робита ба мавқеи забони русист. Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ахиран дастур дод, ки "мавқеи забони қазоқӣ тақвият дода шавад".

"Ҳамаи мо талош мекунем, ки дастури президентро иҷро кунем. Касе забони русиро манъ наркардааст, чунин кор, эҳтимол, сурат нахоҳад гирифт", - гуфт Дариға Назарбоева.

"Фаъолияти порлумон ва ҳукумат бояд бо забони давлатӣ пеш бурда шавад. Бо ин вуҷуд набояд ҳуқуқи шаҳрвандон нодида гирифта шавад. Барои ин аз имкониятҳои тарҷумаи ҳамзамонӣ бояд истифода кард", - дастур дод Назарбоев дар мулоқот бо вазири иттилоот ва иртибототи кишвараш Даврон Абаев.

XS
SM
MD
LG