Вай афзуд, ки низоми зиддимушакии ИМА дар Аврупо зидди Русия нигаронида нашудааст ва он танҳо барои ҳимоят аз таҳдидҳои Эрон ва Куриёи Шимолӣ аст.
Президенти Русия рӯзи панҷшанбе ба Маҷлиси федеролӣ паёми солонаи худро ироа кард. Тақрибан ними вақти Путин ба эълонҳо ва намоишҳои видеоӣ дар бораи низоми навини таслиҳотии Русия сарф шуд. Қариб ҳамаи силоҳҳои рӯнамоишуда тавони интиқоли маводи ҳастаиро доранд.
Ба гуфтаи Путин, Русия маҷбур шуд дар посух ба тавсеаи имкониятҳои дифои зиддимушакии ИМА силоҳҳои нав созад.
Ҳангоми паёми Путин баъзе аз силоҳҳо бори нахуст рӯнамоӣ шуданд ва мустақилона муайян кардани тавонмандиву хусусияти техникии онҳо номумкин аст.