Ссылки доступа

Ифтитоҳи 9 гузаргоҳ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон (акс)


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки рӯзи 1-уми март дар марз бо Ӯзбекистон 9 гузаргоҳ расман мавриди истифода қарор гирифт.

Дар миёни онҳо гузаргоҳи байналмилалии "Саразм-Ҷартеппа" низ ҳаст, ки дар канори шаҳри Панҷакент ва дар сарҳад бо Самарқанд воқеъ буда, солҳо боз баста буд. Девори байни ин гузаргоҳро, ки бо номи “Девори Ислом Каримов” маъруф буд, рӯзи 18-уми феврали имсол вайрон карданд.

Ифтитоҳ ё дубора фаъол шудани гузаргоҳҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ду ҳафта пеш бо шурӯи кори "Патар" дар шаҳри Конибодом ва "Сарбанд" дар ноҳияи Спитамен оғоз ёфт. Мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, рӯзи якуми март гузаргоҳҳои "Ӯротеппа - Кушкент", "Ҳавотоғ - Учқурғон", "Зафаробод - Ҳавастобод", "Ҳаштяк - Бекобод", "Навбунёд - Поп", "Равот", "Айвоҷ" (Гулбаҳор) ва гузаргоҳи роҳи оҳани "Ҳошади - Амузанг" низ кори худро дубора оғоз карданд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳи "Ҳаштяк-Бекобод", воқеъ дар марзи ноҳияи Спитамен бо вилояти Бекободи Ӯзбекистон, иштирок кард. Муовини ҳокими вилояти Тошканд Алимардон Қаршиев гуфт, ин ҳодиса саҳифаи навро дар робитаҳои ду кишвар боз кард. Ӯ изҳори умед намуд, ки муносибатҳо миёни ду кишвар боз ҳам беҳбуд хоҳанд ёфт.

Гузаргоҳи "Ҳаштяк" воқеъ дар ноҳияи Спитамен дар 60-километрии шаҳри Хуҷанд ва дар марз бо вилояти Бекободи Ӯзбекистон ҷойгир аст ва то шаҳри Тошканд ҳудуди ду соат фосила дорад. Ин гузаргоҳ дорои дидбонгоҳҳои марзӣ ва гумрукӣ буда, бо васоили пешрафта муҷаҳҳаз аст.

​Нармтар шудани робитаҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 шурӯъ шуд. Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи президенти Ӯзбекистон ба Душанбе, як қатор созишномаҳои муҳим, аз ҷумла содда кардани низоми раводид дар байни ду кишвар матраҳ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG